ҶСК ШАҲРОФАР

IMG_8129
IMG_8104
IMG_8120
IMG_8080
previous arrow
next arrow

ПАЖУИШГОҲИ ЛОИҲАКАШИИ ҶСК ШАХРОФАР

Cтатуси ташкилот, шумораи коргарон, ҳайати тахассусии мутахассисон

Ҷамъияти саҳомии кушода. Соли 1930 таъсис ёфтааст. Шумораи коргарон – 130 нафар, аз он ҷумла меъморон – 25 нафар, конструкторон -28 нафар, ихтисосҳои дигар – 40 нафар.

Барои таҳия намудани лоиҳаҳои гуногуни шаҳрсозӣ ва тарҳрезии ҳаҷмӣ, ҳайати тахассусӣ пурра мавҷудаст. Дар Ҷамъият шўъбаҳои истеҳсолӣ – 4 адад, инчунин шӯъбаи механизатсия ва лоиҳабарорӣ мавриди амал қарор доранд. 

Намуди корҳое, ки аз ҷониби ҶСК "ШАҲРОФАР" амалӣ мегарданд

1.Таҳия намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиву тарҳрезӣ:

Тарҳрезӣ (нақшаҳои генералӣ, лоиҳаи тарҳи муфассал, нақшаҳои тарҳрезии минтақавӣ). Пуриморатсозии ноҳияҳо, микроноҳияҳо, маҳаллаҳо ва қитъаҳои алоҳида.

  1. Тарҳрезии нақшаи шабакаҳои муҳандисии (ОВ, ВК, ЭЛ, Г, СС) нуқтаҳои аҳолинишин ва минтақаҳо
  2. Тарҳрезии меъморӣ

Нақшаи генералии иншоотҳо. Биноҳои маскунӣ. Бинову иншоотҳои ҷамъиятӣ. Иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ. Азнавсозии бинову иншоотҳо. Мутобиқ намудани лоиҳаҳои намунавӣ.

  1. Лоиҳакашии сохтмонӣ ва тартиб додани сохти биннову иншоотБинову иншоотҳои маскунӣ ва ҷамъиятӣ. Азнавсозии бинову иншоотҳо. Мутобиқ намудани лоиҳаҳои намунавӣ.
  2. Тарҳрезии нақшаи шабакаҳои муҳандисӣ (обтаъминкунӣ, корез,

барқтаъминкунӣ, алоқа, гармидиҳӣ, газтаъминкунӣ)

6.Харҷномаҳо

  1. Таҳия намудани лоиҳаҳои дохили бино ва ороиш.

 

Бо дарназардошти талаботи меъёру қоидаҳои лоиҳакашӣ дар минтақаҳои зилзила ва заминҳои дорои хусусияти фурӯравӣ, лоиҳаҳо пурра таҳия мешаванд. Мутахассисони асосӣ аз 15 то 40 соли таҷрибаи корӣ доранд. 

ҶСК “ШАҲРОФАР” ташкилоти пешоҳанги лоиҳакашӣ мебошад.  Ба туфайли таҷрибаи зиёд, тахассусии мутахассисон ва бойгонии бой, лоиҳаҳо басифат ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида мавриди таҳия қарор мегиранд.

Њангоми корҳои сохтмонӣ, назорати муаллифии ҳар як иншоот аз ҷониби меъмору коструктор ва мутахассисони шӯъбаҳои ба ҳам наздик бурда мешавад.   

Ба шӯъбаҳои истеҳсолӣ барои корҳои эъҷодӣ ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шуданд. Шӯъбаи мукаммал кардани ҳуҷҷатҳо бо дастгоҳҳои  нашркунандаи муосир ва сехи муқовабандӣ мавҷуд аст. Барои лоиҳакашии муосир компютерҳо, почтаи электронӣ, баромад ба интернет ва дигар муайянкунандаҳои зарурӣ вуҷуд доранд. Лоиҳаҳо бо истифода аз барномаҳои таъминотии AutoCAD, ArchiCAD, CorelDRAW, Photoshop, 3ds max, Lira 9.6 ва ѓайра таҳия мешаванд.

Солҳои охир лоиҳаи иншоотҳои ҷашнӣ оид ба таҷлили 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (қасри фарҳанг, театр, мактабҳо, нақшаи генералӣ, студияи телевизионӣ, китобхона ва ѓайра) таҳия шуданд. Дар саро сари ҷумҳурӣ лоиҳаи мактабҳо, беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои алоқа, биноҳои маъмурӣ, марказҳои солимгардонии деҳот, иншоотҳои барқтаъминкунӣ, обтаъминкунӣ, корез, гармидиҳӣ ва дигар иншоотҳо мавриди таҳия қарор доштанд. Нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо тасҳеҳ карда мешаванд. 

Имеет филиалы в гг. Худжанде и Курган-Тюбе.

Номгӯи муҳимтарин корҳои лоиҳавӣ, аз он ҷумла пас аз соли 1998 дар марҳилаи таҳия қарордошта

  1. Маҷмааи ёдгории И. Сомонӣ дар ш. Душанбе;
  2. Азнавсозии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;
  3. Осорхонаи заводи алюминии Тоҷикистон;
  4. Бинои истиқоматии 12-ошёна дар кӯчаи ба номи Гоголи шаҳри Душанбе;
  5. Ипподроми ҷумҳуриявии ш. Душанбе;
  6. Касри фарҳанг дар шаҳри Кӯлоб;
  7. Мактаб барои 640 хонанда (7 иншоот);
  8. Консепсияи кӯчаи протоколии шаҳрҳои Кӯлобу Данғара;
  9. Нақшаи генералии боғи шаҳри Кӯлоб;
  10. Азнавсозии театри ба номи А. Лахутӣ;
  11. Азнавсозии ҳудути Қасри миллат;
  12. Бинои маъмурии ҲХДТ;
  13. Маҷмааи истиқоматии бо ҳузуру ҳаловати «Пойтахт-80», сексияҳои 1,2, 3, 4 ва 5;
  14. Китобхона дар шаҳри Қӯрғонтеппа;
  15. Шабакаҳои обтаъминкунӣ, корез ва барқтаъминкунии боғи шаҳри Душанбе;
  16. Интиқоли шабакаҳои муҳандисӣ дар қисми марказии шаҳри Душанбе;
  17. Азнавсозии шабакаҳои муҳандисии маҷмааи меҳмонсаройи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  18. Азнавсозии шабакаҳои муҳандисӣ ва ободонии маҷмааи биноҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  19. Қубури обгузар барои обёрии нишебӣ дар кӯчаи ба номи Шерозӣ;
  20. Шабакаҳои муҳандисии маҷмааи ёдгории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб; 21.Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (обтаъминкунии 8 шаҳр);
  21. Таҳқиқот ва тартиб додани санадҳои нуқсонӣ барои таъмири асосии биноҳо;
  22. Беморхонаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ… ва ноҳияҳои Нуробод, Муминободу Данғара… ;
  23. Институти гастроэнтерология;
  24. Хонаҳои истиқоматии 2, 4, 5, 9, 12 ва 16-ошёна дар шаҳрҳои гуногун;
  25. Хонаҳои истиқоматии 4-ошёна дар шаҳри Хоруғ;
  26. Хобгоҳ дар шаҳри Хоруғ;
  27. Нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳисор, Ваҳдат, Балҷувон, Шаҳринав, Хуҷанд, Хоруғ, Шуғнон…;
  28. Биноҳои нави таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
  29. Биноҳои таълимии Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе;
  30. Филиали Донишгоҳи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт;
  31. Осорхона дар шаҳри Қӯрғонтеппа;
  32. Гимназия барои 640 хонанда дар ноҳияи Данғара;
  33. Гимназияи ҷумҳуриявӣ барои 1000 хонанда;
  34. Маркази касалиҳои дил дар шаҳри Қӯрғонтеппа;
  35. Қасри фарҳанг дар ноҳияи Муминобод;
  36. Варзишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Дарбанд, Исфара, Тоҷикобод, Муминобод, Рашт…
Бинову иншоотҳо барои зарардидагони офати табиӣ ва ғайра.Соле беш аз 100 лоиҳа таҳия мешавад. Дар Ҷамъият муҳимтарин иншоотҳо, аз он ҷумла шабакаҳои муҳандисӣ амалан, барои ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ таҳия мешаванд. Ҷамъият ташкилоти пешоҳанги лоиҳакашии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар кишвар оид ба шаҳрсозӣ ва сохтмони манзиливу гражданӣ вазифаи минтақавиро иҷро менамояд. Аз ҷониби мутахассисони Ҷамъият солҳои гуногун барои шаҳри Душанбе лоиҳаҳои бинои Қасри Президент, Академияи илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Филармония, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, осорхонаи кишваршиносӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонсаройи «Пойтахт», хонаи маданияти иттифоқи касаба, театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, театри драммавии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ, чойхонаи «Роҳат», Коҳи Ваҳдат, матбааи нашриёти комплексии «Шарқи озод», меҳмонхонаи «Авесто», марказҳои ҳисоббарои кумитаи давлатӣ оид ба нақшагирии Тоҷикистон, бонки сохтмонӣ ва раёсати омори марказӣ,  маркази давлатии «Табиат», Кумитаи давлатии бехатарии миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, иттифоқи нависандагон  таҳия шуданд. Инчунин, дар шаҳри Норак китобхона, дар шаҳри Хоруғ хонаи маърифатнокии сиёсӣ, дар деҳаи Хоҷаобигарми ноҳияи Варзоб – курорт, Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иншоотҳои зиёди дигар тарҳрезӣ шуданд, ки дар намоиш-озмунҳои умумииттифоқӣ соҳиби ҷоизаи давлатӣ ва мукофотҳои бонуфуз гаштанд. Ҳамзамон, хонаҳои истқоматии 4,5,8,9,12 ва 16-ошёна барои сохтмони онҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳо лоиҳакашӣ шуданд. Нахустин иншооти калонтарини давраи истиқлолияти давлатӣ –  Маҷмааи ёдгории И.Сомонӣ (ҳоло Ваҳдат) дар хиёбони асосии пойтахт аз рӯи лоиҳаи Ҷамъият сохта шуд. Ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Ҷамъият бинои 20-ошёнаи «Душанбе-Плаза» ва Нишонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуд. Корҳо оид ба маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80» дар буриши хиёбони ба номи Рӯдакӣ ва кӯчаи ба номи Бухоро, ипподроми ҷумҳуриявӣ, бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демокоатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, иншоотҳои манзилию гражданӣ ва инфрасохтори шаҳри Дарбанд – шаҳраки муҳоҷир кардан аз минтақаи зериобии обанбори Роғун ба анҷом расонида шуданд. Дар даврони солҳои 2003 – 2013 нақшаҳои генералӣ ва Лоиҳаи тарҳи муфассали нуқтаҳои аҳолинишини зерин тасҳеҳ ва таҳия гардиданд: шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Норак, Данғара, Ҳисор, Шаҳринав, шаҳри Дарбанди ноҳияи Нуробод, Балҷувон, Тавилдара, Хуҷанд, Хоруғ, Шуғнон, Тоҷикобод ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, Қӯрғонтеппа, Истаравшан, Сарбанд, Шурообод, Ҷ.Румӣ, Хуросон, А.Ҷомӣ, Истиқлол, Ховалинг, Чкалов ва Конибодому Исфара. Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ширкатҳои лоиҳакашии хориҷӣ таҳия шуданд, ба шароити маҳаллии сохтмон мутобиқ гардонида мешаванд. Инак, солҳои охир лоиҳаҳои дар Федератсияи Россия, Олмон, Туркия, Куриё, Франсия, Қатар ва дигар мамлакатҳо таҳиягардида, ба монанди меҳмонхонаи 5-ситорадори «Хаят» воқеъ дар кӯчаи ба номи Сино, маркази тиҷоратии «Созидание» воқеъ дар кӯчаи ба номи Айнӣ, терминали нави байналхалқии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ва шаҳраки «Диёри Душанбе» дар кӯчаи ба номи Н.Ганҷавии шаҳри Душанбе, хонаҳои истиқоматии 25-ошёна ва маркази савдо дар шаҳри Хуҷанд ва дигар лоиҳаҳо мутобиқ гардонида шуданд.

ТАШРИФ БА МО

Барои маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ, тавсия медиҳем, ки ба телефони мо занг занед ва барои сӯҳбат номнавис шавед.

Таджикистан, ш, Душанбе, к, Хусейнзода 34

БА МО ЗАНГ ЗАНЕД

Соатҳои корӣ аз душанбе то ҷумъа аз соати 08:00 то 17:00.

+(992 37) 223-00-00

Почтаи электронӣ

Ғояҳо ва пешниҳодҳои худро тавассути почта ба мо фиристед

shahrofar@mail.ru

5 1 голос
Рейтинги мақола
Подписаться
Уведомить о
guest
0 шарҳҳо
Старые
Новые Популярные
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии