5 сентябри соли равон ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
У. Усмонзода баъди баромади пурмуҳтаво ва табрикоти самимона бо ин ҷашни бошукуҳ Ифтихорномаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Тоҷиддин Шамсиддинзода, директори ҶСК “Шаҳрофар” тақдим намуда, дар фаъолияти минбаъда пирӯзиву комёбиҳои бештарро дар соҳаи шаҳрсозиву сохтмон таманно намуд.
227